Август 09, 2021 18:23 Asia/Dushanbe
  • Бозрасӣ ва шиносоии муҳоҷирони хориҷӣ дар шаҳри Маскав

Вазорати дохилаи Русия эълом кард полиси шаҳри Маскав ба зудӣ бо ҳадафи шиносоӣ ва бозрасии коргарони муҳоҷир ду тарҳи амниятӣ иҷро хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, далели ин иқдом даргириҳои гуногуни миёни коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав эълом шудааст .
Дар ин тарҳ тамоми ронандагони таксӣ, ки шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд таҳти назорати полис қарор хоҳанд гирифт ва масири ҳаракати онон аз тариқи дурбин расад мешавад .
Ҳамчунин полис маҳалҳои зисти шаҳрвандони  хориҷиро дар шаҳри Маскав ва навоҳии атроф  бозрасӣ мекунад ва аз қонунӣ будани иқомоти онҳо мутмаин мешавад .

Чанд рӯз қабл  Александр Горовой-муовини аввали вазири дохилаи Русия  дар дидор бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам гуфта буд:  Афроди боздоштшуда дар ин даргириҳо аз Русия ихроҷ мешаванд ва ҳаққи вуруди дубора ба ин кишварро нахоҳанд дошт.
Вай аз сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки барои поён додан ба даргириҳои қавмӣ ба коргарони муҳоҷир кумак кунанд ва ба ин афрод муқаррароти кору иқомат дар Русияро омӯзиш диҳанд .

Муддате аст ки низоъи байни шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия афзоиш ёфтааст. Намунаи ахири он низоъи мусаллаҳонаи миёни тоҷикҳо ва чеченҳо дар минтақаи Митиши буд, ки муҷиби захмӣ шудани 3 нафар аз шаҳрвандони чеченӣ шуд .
Пеш аз густариши корона ҳудуди 2 миллион коргари тоҷик дар Русия кор мекарданд, ки 65 дарсади онҳо дар бахши сохту соз фаъолият доштанд, аммо бо густариши вируси корона бисёре аз онҳо бекор шуданд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп