Барканории раис ва муовинони гузаргоҳи марзии Фотеҳобод миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон
(last modified Mon, 09 Aug 2021 15:09:20 GMT )
Август 09, 2021 20:09 Asia/Dushanbe
  • Барканории раис ва муовинони гузаргоҳи марзии Фотеҳобод миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Дар пайи шикояти гурӯҳе аз сокинони вилояти Суғд аз ришвахорӣ ва боҷхоҳии маъмурони гузаргоҳи Фотеҳобод, миёни ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон ва вилояти Тошканди Узбакистон, раис ва муовинони ин посгоҳ барканор шудаанд.

Олим Сатторов, раиси гузаргоҳи марзии Фотеҳобод (Ойбек) дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ба ҳамроҳи ду муовинаш аз мақом барканор шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Пресса”, мақомот ба таври расмӣ ин мавзӯро шарҳ надодаанд. Аммо тағйироти кадрӣ дар пайи шикоятҳои пай дар пайи  мусофирон аз “доля” ё ришваситонӣ дар ин гузаргоҳ сурат мегирад. Ду ҳафта пеш навори шикваи мусофирон интишор ёфт ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба он вокунишу ҳамовозӣ намуданд.

Мардум мегуфтанд, ки марзбонҳои тоҷик аз ҳар касе, ки мехост тавассути Ӯзбакистон бо қимати арзонтар ба Русия сафар кунад, аввалҳо аз 1000 то 1500 сомонӣ ва вақтҳои охир аз 400 то 500 сомонӣ “доля” талаб мекарданд ва агар касе аз додани ин “доля” саркашӣ мекард, аз марз гузашта наметавонист.

Ҳамзамон, ҳафтаи гузашта даҳҳо нафар аз мардуми норозӣ ҳатто дар назди бинои шаҳрдории Панҷакент низ алайҳи чунин ришваситонӣ дар гузаргоҳи марзии Саразм эътироз ҳам карданд.

Ҳафтаи гузашта подполковник Боймурод Абдулҳамидов ба ҷойи Олим Сатторов, сардори гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” таъйин шудааст. Абдулҳамидов то кунун раҳбарии гузаргоҳи “Гулистон” дар марзи Исфара бо Қирғизистонро ба уҳда дошт.  Ба иттилои манбаъ, тағйироти кадрӣ ҳафтаи гузашта анҷом шудааст. Ҳоло раҳбари нав бо ду муовини худ ба кор шуруъ кардааст.

 

Аксари ин афрод қасд доштанд ки бо убур аз ин посгоҳи марзӣ вориди Узбакистон шаванд ва аз ин кишвар бо ҳавопаймо ва қатор барои кор ба Русия бираванд. Зеро билети ҳавопаймо барои сафар ба Русия аз Узбакистон дар муқоиса бо Тоҷикистон ба маротиб арзонтар мебошад, ки барои коргарони муҳоҷири тоҷик муҳим аст.

Ҳанӯз дар бораи таъйини таклифи масъулони гузаргоҳи марзии Саразм дар марзи Панҷакент бо вилояти Самарқанд, ки низ бераҳмона аз мусофирони сафаркунанда ба самти Русия ришва талаб доштанд, иттилое мунташир нашудааст.