Август 13, 2021 20:43 Asia/Dushanbe
  • Замони бозкушоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон мушаххас нест

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, ки замони дақиқи бозкушоии марзи ин кишвар бо Тоҷикистон мушаххас нест.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Марат Имоналиев эълом кард, ки ин мавзуъ ба фаъолияти комиссияи муштараки аломатгузории марзи ду кишвар бастагӣ хоҳад дошт.

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон таъкид кардааст: Марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя пас аз мушаххас шудани хутути марзӣ ва дастёбӣ ба созишномаи ниҳоӣ дар ин замина бозкушоӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манзури мушаххас кардани хутути марзии ду кишвар чанд нишаст дар Душанбе ва Бишкек баргузор карданд ва ин музокирот идома хоҳад ёфт.

Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ, ки боиси кушта шудани 55 нафар ва захмӣ шудани наздик ба 300 тан аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд, ки марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷуди да даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп