Баста шудани 2 консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72058-Баста_шудани_2_консулгарии_Тоҷикистон_дар_Афғонистон
Манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баста шудани 2 консулгарии ин кишвар дар шимоли Афғонистон хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2021 16:32 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани 2 консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон

Манобеи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баста шудани 2 консулгарии ин кишвар дар шимоли Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, ин манобеъ гуфтаанд, ки дар пайи ташдиди ҳамалоти гурӯҳи Толибон ва ташаннуҷи авзоъ дар шимоли Афғонистон, фаъолияти консулгариҳои Тоҷикистон дар маркази вилоятҳои Балх ва Бадахшон мутаваққиф шудааст.

Аз ин рӯ, судури раводиди сафар барои шаҳрвандони Афғонистон танҳо дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул имконпазир мебошад.

Аз сӯйи дигар, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон таҷаммуъ ва талоши паноҳандагони афғонӣ барои вуруд ба Тоҷикистон мушоҳида намешавад ва авзоъ таҳти контрол аст.

 

Бештар бихонед: