Таътилии ширкати вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 26 Jul 2016 04:57:40 GMT )
Июл 26, 2016 09:57 Asia/Dushanbe
  • Таътилии ширкати вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон

Дар пайи кудатои ахир дар Туркия, ки мақомоти турк онро вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен медонанд, давлати Тоҷикистон фаъолияти як ширкати вобаста ба Гуленро дар ин кишвар мутаваққиф ва сохтмони дафтари ин ширкатро холӣ кард.

Фоъолияти ширкати мавсум ба "Шалола", вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд.

Ба гузориши "Тоҷнюс", манобеи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом карданд: "Сохтмони мутааллиқ ба дафтари ин ширкат дар шаҳри Душанбе тахлия ва ба ин вазоратхона вогузор шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки Вазорати додгустарии Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолияти ширкати "Шалола", вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар ин кишварро қатъ кунад.

Ин ширкат шомили теъдоде мадраса буд, ки зермаҷмӯаи Маркази гуфтугӯи АвруОсиёии вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен ба ҳисоб меомад. 

Гуфта мешавад, ки ин марказ дар Тоҷикистон беш аз 1500 узв аз рашванфикрон, рӯзноманигорон ва устодони донишгоҳҳо дорад.

Дар солҳои фаъолияти ин марказ мақолоти зиёде дар бораи хадамоти Фатҳуллоҳ Гулен аз сӯйи мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорони тоҷик дар маҷаллаи вобаста ба ин муассиса нашр шудааст.

Ин дар ҳолест ки соли гузашта Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тағйири номи мадориси вобаста ба ширкати Фатҳуллоҳ Гулен иқдом ва мадориси муштараки туркӣ-тоҷикиро ба марокизи омӯзишии донишомӯзони мумтоз табдил кард. 

Ҳамчунин тадрис ба забони туркӣ дар ин мадорис мамнуъ ва теъдоди устодони турк низ коҳиш ёфт.

Аз нигоҳи коршиносон, тасмими давлати Тоҷикистон барои мутаваққиф кардани фаъолияти ширкати "Шалола"-и вобаста ба Гулен бо кудатои нофарҷоми низомӣ дар туркия муртабит аст.