Шиносоии 54 бемори коронаии ҷадид ва сабти як фавтӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72220
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 54 бемори куруноии дигару сабти як фавтӣ дар 24 соати гузашта хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 17, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 54 бемори коронаии ҷадид ва сабти як фавтӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 54 бемори куруноии дигару сабти як фавтӣ дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 54 бемори шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон токунӯн ба 16 ҳазору 175 нафар расид, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 828 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 72 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ низ бо сабти як мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ба 124 нафар расидааст.

Бештар бихонед: