Август 18, 2021 20:13 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 48 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 48 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 48 бимори шиносоишуда, теъдоди мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун ба 16 ҳазору 223 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 896 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин тайи шабонарӯзи охир 68 нафар аз беморони мубтало ба Ковид -19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир, ҳамон 124 нафари қаблӣ аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп