Ҳузури варзишкори тоҷик дар рақобатҳои Паралимпии 2020-и Токио
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72246-Ҳузури_варзишкори_тоҷик_дар_рақобатҳои_Паралимпии_2020_и_Токио
Тоҷикистон бо як варзишкор дар Паралимпии 2020-и Токио ширкат мекунад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 19, 2021 16:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури варзишкори тоҷик дар рақобатҳои Паралимпии 2020-и Токио

Тоҷикистон бо як варзишкор дар Паралимпии 2020-и Токио ширкат мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, шонздаҳумин давраи бозиҳои Паралимпии  Токио аз 24 август то 5 сентябр дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад .
Акмал Қодиров-танҳо намояндаи Тоҷикистон дар риштаи партоби диск(гулула) дар ин мусобиқот аст .
Акмал Қодировро Зокирҷон Комилов, мураббӣ ва Сиёвуш Илёсов-раиси Федерасиюни варзишҳои сабуки Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Дар мусобиқоти Паралимпии  Токио 4400 варзишкор аз 136 кишвар барои касби 540 медол рақобат мекунанд .