Август 21, 2021 17:08 Asia/Dushanbe
  • Поёни размоиши муштараки нерӯҳои вижаи Тоҷикистону Чин

Нерӯҳои низомии Тоҷикистону Чин дар чорчӯби размоиши муштараки тактикии нерӯҳои вижаи ду кишвар таслеҳоти ҷадид шомили танк, туп, ҳавопаймоҳои бидини сарнишин ва тӯпхонаро

Дар чорчӯби размоиши муштараки нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин дар дараи Ромит таслеҳоти ҷадид озмоиш шуд.

Размоиши тактикии муштараки сохторҳои вижаи тоҷик ва чинӣ дар маркази омӯзишии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромити минтақаи Ваҳдати ин кишвар баргузор шуд.

Дар ин размоиши муштарак аз модернтарин силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла таслеҳоти гарм, танк, туфангҳои дурбурд, ҳавопаймо, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишину тӯпхона истифода шуд.

Ҳамчунин, тамриноти мазкӯр таҳти назорати Раҳмонзода Саиднахш, муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Лю Юнфэн, намояндаи вазорати амнияти умумии Чин барпо шуд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин размоишро беҳбуди маҳоратҳои ҳирфаии сарбозони нерӯҳои вижа, табодули таҷриба дар мубориза алайҳи терроризм дар шароити кӯҳистонӣ ва омода кардани нерӯи ҳирфаӣ унвон кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп