Август 21, 2021 18:17 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 48 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 48 бемори коронаии дигар дар 24 соат гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 48 бемори шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон токунӯн ба 16 ҳазору 374 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 106 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш тайи шабонарӯзи охир 53 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ҳамон 124 нафари қаблист.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то ба ҳол дар ин кишвар  1миллиону 55 ҳазору 958 нафар доз(воя) нахуст ва 212 ҳазор тан низ дози дувуми ваксина корона дарёфт кардаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп