Нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви СПАД ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон
Раисиҷумҳури Русия аз нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) бо меҳварияти Афғонистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Владимир Путин ин матлабро дар дидор бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт-Тоқаев эълом кард.
Интизор меравад, ки ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи душанбеи оянда, онлайн баргузор шавад.
Путин гуфтааст, "Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳимтарин масъалаҳои амниятӣ аст, хусусан дар робита бо рӯйдодҳое, ки ҳоло дар Афғонистон рушд мекунанд"
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия нишасти маҷозии сарони кишварҳои узв ва аъзои СПАД барои баррасии авзоъи Афғонистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 августи соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Аз дидгоҳи Путин акнӯн авзои амниятии Афғонистон ва дурнамои таҳаввулоти сиёсии ин кишвар ба мавзӯи муҳимме барои кишварҳои узви СПАД табдил шудааст.
Раисиҷумҳури Русия таъкид кардааст, ки бояд аз вуруди террористҳо аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти пӯшиши паноҳандагон ҷилавгирӣ кард.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Нишасти вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе
- Поёни нишасти сарони кишварҳои узви СПАД бо имзои санадҳои ҳамкорӣ
- Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД