Омодагии Русия барои музокира бо Украина
(last modified Wed, 06 Nov 2024 06:17:22 GMT )
Ноябр 06, 2024 11:17 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои музокира бо Украина

Саҳоб - Раисиҷумҳури Русия барои музокира бо Украина эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз хабаргузории ИСНА,  Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар маросими эътои устуворномаи сафирони 28 кишвар дар Кохи Кремл бо баёни инки омодаи музокира бо Украина аст, гуфт, Русия на фақат барои музокира омодааст, балки омодаи тавофуқи дуҷониба бо тарафи украинӣ аст, ки пештар матраҳ шуда буд.

Русия аз 24 феврали 2022, баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли Луҳанск ва Данетск аз Украина, ба ин минтақа ҳамлаи низомӣ кард.

Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозизудоии Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луҳанск ва Донетск эълом кардааст.

Ба дунболи оғози ҷанги Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкӯм кардани Маскаву ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслеҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд.