Август 23, 2021 09:36 Asia/Dushanbe
  • Лигионери булғорӣ дар дастаи футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе

Дастаи футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе бозикуни булғористониро ҷазб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон, бошгоҳи Истиқлоли шаҳри Душанбе дар фасли нақлу интиқолоти тобистонӣ ва дар охирин хариди худ бо бозикуни булғористонӣ қарордод имзо кард .
Мақомоти ин бошгоҳ хабар доданд бо Петар Патев, мудофеъи 28 солаи булғористонӣ ба тавофуқ расиданд ва бо бастани қарордод вайро то поёни фасл дар ихтиёр хоҳанд дошт .
Дастаи футболи Истиқлоли шаҳри Душанбе ин бозикунро барои тақвияти текникии даста дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё барои руёрӯӣ бо Персполиси Эрон ҷазб карданд.
Петар Патев собиқаи бозӣ дар тимҳои Спартаки Варна ва Славияро дар корномаи варзишӣ дорад ва аввалин лигионери булғористонӣ дарфутболи Тоҷикистон аст .
Дастаи футболи Истиқлоли Тоҷикистон дар садри ҷадвали лигаи ин кишвар қарор дорад .

 

Барчасп