Қимати 1 литр гази мойеъ дар Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расид
Тайи рӯзҳои ахир қимати як литр гази мойеъ дар Тоҷикистон ба 9 сомонӣ расид ва дар бархе аз манотиқи ин кишвар камёб шуд.
Ба гузориши сомонаи ТОП - Тҷ, акнун қимати як литр газ бо нархи бензин ва сӯхти дизелӣ баробар шудааст, ки дар ин кишвар бесобиқа мебошад.
Зеро қаблан қимати як литр гази мойеъ то 4 сомонӣ буд ва теъдоди зиёде аз ронандагони васоили нақлия аз ин навъи сӯхти арзон истифода мекарданд.
Бо ин ҳол мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон далели гарон шудани қимати сӯхт тайи як моҳи ахир дар ин кишварро гарон шудани он дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон унвон мекунад.
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки қимати бензин дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 44 ним дарсад, солярка 31 дарсад ва гази мойеъ беш аз 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бештар бихонед: