Август 24, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Баргузории муноқиса барои сохти истгоҳи фишорқавии нерӯгоҳи “Себзор” дар вилояти Бадахшон

Паймонкори сохти истгоҳи фишорқавии нерӯгоҳи “Себзор” дар вилояти Бадахшон ба зудӣ бо баргузории муноқиса (тендер) мушаххас мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Азияи плюс”, қарор аст пас аз баргузории муноқиса ва ворид кардани таҷҳизоти нерӯгоҳ, сандуқи сармоягузории иқтисодии Швейтсария ба Тоҷикистон кумаки молии ройгон пардохт кунад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” метавонад бо тавлиди 110 миллион киловатт соат барқ дар сол, ниёзи ҳудуди 220 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи вилояти Бадахшон ба энержии барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.

Бо сохт ин нерӯгоҳ барои ҳудуди 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалъаи мухтори вилояти Бадахшон шуғл эҷод мешавад.

Дар чорчӯби ин барнома, барои интиқоли барқи нерӯгоҳи “Себзор” ба шаҳри Хоруғи маркази вилояти Бадахшон хати 220 киловатӣ ба тӯли 18 километр бунёд хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

 

Барчасп