Интихоби сармураббии ҷадиди тими футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72532-Интихоби_сармураббии_ҷадиди_тими_футболи_Равшан_и_шаҳри_Кӯлоб
Сармураббии ҷадиди тими футболи “Равшан” -и шаҳри Кӯлоб интихоб шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 24, 2021 16:25 Asia/Dushanbe
  • Интихоби сармураббии ҷадиди тими футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб

Сармураббии ҷадиди тими футболи “Равшан” -и шаҳри Кӯлоб интихоб шуд.

Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, Наҷмиддин Толибови 58 сола ҳидояти тими Кӯлобро бар уҳда гирифт .

Пеш аз ин Ғайраталӣ Аҳмадов сармураббии тими футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб буд.

Тими футболи “Равшан” -и шаҳри Кӯлоб бо ҳидояти Аҳмадов тавонист иҷозаи ҳузур дар Лигаи бартари футболи Тоҷикистонро ба даст оварад. Наҷмиддин Толибов низ собиқаи бозӣ дар тимҳои “Вахш”-и шаҳри Бохтар ва Турсунзодаро дар корномаи варзишии худ дорад.

Тими футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бо 19 имтиёз дар радаи шашуми ҷадвали радабандии тимҳои футболи Лигаи бартари Тоҷикистон қарор дорад.

 

Бештар бихонед: