Таъкиди сарони кишварҳои узви СПАД бар ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72606-Таъкиди_сарони_кишварҳои_узви_СПАД_бар_ҳалли_мушкилоти_Афғонистон_аз_тариқи_сиёсӣ
Нишасти маҷозии раисони ҷумҳури кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ба раёсати Тоҷикистон баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 26, 2021 10:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сарони кишварҳои узви СПАД бар ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ

Нишасти маҷозии раисони ҷумҳури кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) ба раёсати Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши Форс, ин нишаст ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, нахуствазири Арманистон ва дабири кулли СПАД ширкат карданд.

Илова бар ин дар ин иҷлос Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон ба унвони кишвари даъватшуда ширкат кард.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст дар мавриди вазъияти Афғонистону таъсири он бар амнияти кишварҳои узви СПАД табодули назар карданд.

Сарони кишварҳои узви СПАД бо ибрози нигаронӣ аз авзои Афғонистон бар аҳаммияти эҳёи қудрати давлатӣ дар ин кишвар аз тариқи гуфтугӯи мусолиматомези фарогир, бо дарназар гирифтани манофеъи ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ, таъкид карданд.

Дар ин нишаст эълом шуд, ки режими сиёсӣ дар Афғонистон бояд бар асоси озодии иродаи кулили мардуми Афғонистон бошад.

Ҳамчунин аъзо дар мавриди тасреъи кор барои тасвиби барномаи байналмилалии ҳадафманди байни давлатии пешниҳод шуда аз сӯи Тоҷикистон барои тақвияти навоҳии марзии ин кишвар бо Афғонистон тавофуқ карданд.

 

Бештар бихонед: