Сафари вазири хориҷаи Олмон ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 29 Aug 2021 06:15:13 GMT )
Август 29, 2021 11:15 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Олмон ба Тоҷикистон

Вазири хориҷаи Олмон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Ҳайко Маас, 29 август ба кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар мекунад, то дар мавриди вазъияти Афғонистон гуфтугӯ кунад .
Маас дар ҷаласаи матбӯотӣ дар Берлин ин хабарро эълом кард .
Вай гуфт : Ин мавзӯъ ки чигуна Олмон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя дар муқобила бо пайёмадҳои тағироти сиёсӣ дар Афғонистон кумак кунад, дар дастури кор қарор хоҳад гирифт .
Ҳайко Маас бо баёни инки ба Туркияву Қатар низ сафар мекунад гуфт : Дар ин сафарҳо дар мавриди шеваи бархурди Олмон ва ҷомеъаи байналмиллалӣ бо воқеияти нав дар Афғонистон ва шароити тавофуқ бо давлати ҷадид дар ин кишвар машварат хоҳад шуд.



Бештар бихонед :