Машварати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Макрон дар бораи Афғонистон
Раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Фаронса дар тамоси телефонӣ бо якдигар амният дар Осиёи Марказиро мутаассир аз вазъияти феълии Афғонистон донистанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Эмануэл Макрон хотирнишон кард: Афғонистон имрӯз ба далели таҳдидоти бархоста аз даргириҳои дохилӣ дар остонаи як фоҷеъаи инсонӣ қарор дорад .
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд Душанбе хоҳони сулҳ, субот, шакл гирифтани давлати фарогиру сулҳталаб дар Афғонистон аст .
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Фаронса ҳамчунин дар бораи афзоиши ҳамкориҳо дар бораи авзоъи Афғонистон ба тавофуқ расиданд.
Бар асоси ин тавофуқ қарор аст вазирони умӯри хориҷаи ду кишвар авзоъи Афғонистонро ба сурати пайваста баррасӣ карда ва бо ҳамдигар машваратҳои дуҷониба дошта бошанд .
Бештар бихонед :
- Гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистон ва Фаронса
-
Мулоқоти раиси комиссиюни ҳуқуқии маҷлиси Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Душанбе
-
Дархости Тоҷикистон аз Фаронса барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи Себзор
-
Намояндаи иқтисодии Фаронса аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон дидан кард
-
Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар Фаронса