Август 30, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Олмон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақаӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.

Вазъи ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва паёмадҳои он ироа намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ин таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои қавмӣ мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо такя ба нақши СММ таъкид карданд, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозима андешида шаванд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, кишварҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кушиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ кашида шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, ки бо дарназардошти буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ба мардуми Афғонистон мусоидати ҳаматарафаи мақсаднок расонида шавад.

Ҳамзамон ба расонидани кумак дар таҳким ва ҳимояи марз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда, омодагии хешро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ изҳор доштанд.

Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намуд.