Шиносоии 39 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 31 Aug 2021 05:44:52 GMT )
Август 31, 2021 10:44 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 39 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 39 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар кишвар шиносоӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 39 бемор, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 16 ҳазору 817 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 660 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш тайи шабонарӯзи охир 42 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст. Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, бо тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол дар ин кишвар заминаи коҳиши қобили мулоҳизаи мубталоён ба Ковид - 19 фароҳам хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: