Нархи таксиҳо дар Суғд боло бурда шавад
(last modified 2021-08-31T16:39:32+00:00 )
Август 31, 2021 21:39 Asia/Dushanbe
  • Нархи таксиҳо дар Суғд боло бурда шавад

Нархи таксиҳо дар Суғд боло рафт.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, бинобар болоравии бесобиқаи қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон, нархи роҳкиро дар тамоми шаҳру навоҳии Суғд аз 1 сентябр 25 дарсад боло меравад.

Алам Очилзода, сардори раёсати нақлиёти вилояти Суғд гуфт, ки болоравии нархи таксиҳо дар дохил ва хориҷ аз шаҳр 21 июл тасдиқ шуда, аз 1 сентябр эътибор пайдо мекунад.

Алам Очилзода афзуд: "Боло рафтани бесобиқаи нархи сӯзишворӣ ба фаъолияти ширкатҳои мусофирбар таъсир расонд ва шуморе аз ронандагон борҳо аз камбуди қобилияти пардохт шикоят кардаанд."

Дар вилояти Суғд интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ сурат мегирад.

Барчасп