Кумаки 258 миллиондоларии Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон
Сентябр 02, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
Сандуқи Байналмилалии Пул 258 миллиондоллар ба Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад.
Сандуқи Байналмилалии Пул барномаи кумак ба 187 кишвари ҷаҳон барои рафъ ва коҳиши осебҳои шуюи бемории Ковид 19-ро тасвиб кард.
Бар асос мусаввабаи ин ниҳоди байналмилалӣ 258 миллиондоллар ба Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин кумак дар ҳоле ба Тоҷикистон пардохт мешавад, ки қарзи хориҷии ин кишвар ба 3 миллиарду 256 миллиондоллар расида, ки баробар бо 38 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурист.
Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик ҳам муътақидаст, кумаки 258 миллиондолларии Сандуқи байналмилалии Пул ба Тоҷикистон барои тақвияти буҷети ҳукумат ҳазина хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Қадрдонии мудирони Сандӯқи байналмилалии пул аз иқдомоти зиддибуҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон
- Дархости Сандуқи байналмилалии пул барои таъмини ҳазинаи ваксинатсияи кишварҳои дар ҳоли тавсеа
- Сандуқи байналмилалии пул Тоҷикистонро дар феҳристи 28 кишвари фақир қарор дод
Барчасп