Эътои болотарин нишони давлатии Тоҷикистон ба Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқдоме ба Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии ин кишвар, болотарин нишони давлатии кишварашро эъто кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар ба Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии ин кишвар болотарин ҷоизаи давлатии кишвараш, нишони Исмоили Сомонӣ - дараҷаи аввалро эъто кард.
Дар фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид омадааст: Ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон, ба проффессор Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии собиқ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифои собиқ ва қаҳрамони миллии Афғонистон, барои мусоидату миёнҷигарӣ дар баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993 – 1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар ин кишвар нишони Исмоили Сомонӣ - дараҷаи аввал эъто мешавад.
Шоёни зикр аст, ки нишони Исмоили Сомонӣ, болотарин ҷоизаи давлатии Тоҷикистон аст ва бо фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар ба афроди шоиста барои хадамоти шоён эҳдо мешавад.