Сентябр 03, 2021 21:08 Asia/Dushanbe
  • Шикояти нахустин бонки исломии Тоҷикистон аз боло будани мизони молиёт

Мудирияти “Тавҳидбонк” - нахустин муассисаи молии исломии Тоҷикистон хостори коҳиши мизони молиёти пардохтии ин ниҳод шудааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар баёнияи ин бонк таъкид шудааст, ки даромади молии “Тавҳидбонк” тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 8 дарсад афзоиш ёфт, ки дар шароити нобаробар будани пардохти молиёт бо дигар бонкҳо дастоварди муҳим мебошад.

Аммо мушкили умда дар роҳи фаъолияти “Тавҳидбонк” пардохти молиёти изофӣ мебошад, ки дар дигар бонкҳои давлатӣ ва тиҷории Тоҷикистон вуҷуд надорад, ки баёнгари номукаммал будани қавонини бонкдорӣ дар ин кишвар аст.

“Тавҳидбонк” дар соли 2020 фаъолияти худро оғоз кард, ки мубтанӣ бар усули бонкдорӣ бидуни суд ва қарзулҳасана мебошад, вале вуҷуди пардохти молиёти изофӣ акнун ба монеаи ҷиддӣ дар роҳҳои рушди бонкдории исломӣ табдил шудааст.

 

 

 

Барчасп