Шиносоии 29 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 29 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар шиносоӣ шуд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ҳисоби ин 29 бемор, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 16 ҳазору 913 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 776 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Бар асоси ин гузориш, тайи шабонарӯзи ахир 34 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон дармон шудаанд.
Теъдоди фавтшудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.
Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, бо тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол дар ин кишвар заминаи коҳиши қобили мулоҳизаи мубталоён ба Ковид - 19 фароҳам хоҳад шуд.
Бештар бихонед: