96 корхонаи саноъатӣ дар Тоҷикистон фаъол нест
(last modified Mon, 06 Sep 2021 06:32:49 GMT )
Сентябр 06, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • 96 корхонаи саноъатӣ дар Тоҷикистон фаъол нест

Вазири саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, ки таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ 96 корхонаи саноъатӣ дар ин кишвар ҳеҷ фаъолияте надоштааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи Ҷумҳурият, Шералӣ Кабир гуфтааст, ки ин корхонаҳо мутаъаллиқ ба саноеъи ғизоӣ, мошинсозӣ ва маъодину саноеъи бофандагӣ мебошанд .

Ин вазири тоҷик таъкид кард, ки 30 корхона дар шаҳри Душанбе, 23 маркази тавлидӣ дар вилояти Хатлон, 17 корхона дар вилояти Суғд ва 6 маркази тавлидӣ дар вилояти Бадахшон дар соли ҷорӣ ҳеҷ фаъолияте надоштааст .

Вай иллати фаъолият накардани ин марокизро варшикастагӣ, нотавонӣ дар бозпардохти вомҳои банкӣ ва куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизот унвон кардааст .
Бар асоси гузориши Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар 157 корхонаву коргоҳи ҷадид ифтитоҳ шудааст, ки заминаи иштиғоли 1 ҳазору 366 нафарро фароҳам сохтааст.



Бештар бихонед :