Афзоиши содироти масолеҳи сохтмонӣ аз Тоҷикистон
(last modified Mon, 06 Sep 2021 17:26:30 GMT )
Сентябр 06, 2021 22:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти масолеҳи сохтмонӣ аз Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол шудааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, арзиши содироти масолеҳи сохтмонӣ аз Тоҷикистон 27,2 миллион доллар ва арзиши воридоти ин маҳсулот ба Тоҷикистон 26,6 миллион доллар будааст.

Масъулони Вазорати саноати Тоҷикистон низ аз афзоиши содироти семент дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, ки дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон 613 ҳазор тонна семент содир шудааст.

Тибқи омор, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷои аввал меистад.

Пас аз Тоҷикистон Молдова бо 12% ва Беларус бо 11% афзоиши истеҳсоли саноатӣ дар мақоми дигар қарор доранд.