Сентябр 07, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёддошти тафоҳум байни масъулони федератсияҳои Саудӣ ва Тоҷикистон

Масъулони федератсияҳои футболи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба Ёддошти тафоҳум Иброҳим ал-Қосим, ​​дабири кулли Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ва Долатманд Исломов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон имзо гузоштанд, хабар медиҳад Радиои тоҷикии Садаи Хуросон.

  • Иброҳим Ал-Қосим дар маросими имзои ёддошти ҳамкорӣ гуфт: "Ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо бо ҳадафи таблиғи варзиши футбол миёни ҷонибҳои манфиатдор заминаҳои хуб доранд."
  • Вай афзуд: "Интизор меравад, ки аз ин ба баъд ҳамкорӣ дар самти тарбияи мураббиён тақвият ёбад ва мусобиқаҳои дӯстона байни варзишгарони ҳама синну сол баргузор шаванд."

Барчасп