Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин
Сентябр 08, 2021 12:40 Asia/Dushanbe
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Чин телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши «Ховар», дар гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон
бо Си Ҷин Пин роҳҳои мухталифи мушорикати роҳбурдӣ байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳамчунин тарафайн дар заминаи тавсеаи бештари равобити тиҷориву иқтисодӣ ва густариши равобити фарҳангӣ ва башардӯстонаву тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи амният ройзанӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин гуфтугӯ аз Чин ба хотири кумак дар ҷиҳати маҳори бемории корона дар Тоҷикистон қадрдонӣ кард.
Сарони Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин дар мавриди тавсеаи авзои минтақа дар заминаи ташдиди авзои низомиву сиёсии Афғонистон табодули назар карданд.
Бештар бихонед:
- Ирсоли 500 ҳазор доза воксани корона аз Чин ба Тоҷикистон
- Поёни размоиши муштараки неруҳои вижаи Тоҷикистон ва Чин