Сентябр 08, 2021 16:04 Asia/Dushanbe
  • Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши «Эҳёи гардишгарии ҷаҳонӣ ва эҷоди тавсеаи шаҳрҳо»

Узвияти шаҳри Душанбе дар Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои гардишгарӣ нақши муҳиме дар тавсеаи гардишгарӣ хоҳад дошт.

Ба гузориши «Ховар», ба ибтикори федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои гардишгарӣ ҳамоиши маҷозӣ бо унвони «Эҳёи гардишгарии ҷаҳонӣ ва эҷоди тавсеаи шаҳрҳо» баргузор шуд.

Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт: Узвияти шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ омили муҳиме дар дастрасӣ ба бозорҳои гардишгарии ҷаҳон аст.

Вай афзуд: Дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо таърих, табиату мероси худ тавваҷуҳи гардишгарон аз саросари ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон изҳор дошт: Ҷазби сармоягузории хориҷӣ дар сохти меҳмонхонаҳои панҷситора, имконоти пизишкӣ, паркҳои фарҳангӣ ва тафреҳӣ, эҳдоси сохтмонҳои маскунӣ ва тиҷории модерн, чойхонаҳои тазйиншуда бо нуқуши миллӣ, кохҳои сохташуда бо равишҳои меъмории модерн, китобхонаҳову музейҳо, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп