Нишондиҳандаи баландтарин манораи Малайзия бо рангҳои парчами Тоҷикистон
Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ яке аз бурҷи баландтарини Малайзия бо рангҳои парчами Тоҷикистон равшан гардид.
Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2021 рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баландтарин бурҷҳои дунё, ки дар пойтахти Малайзия ҷойгир шудааст инъикос гардид. Дар ин бора бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд