Баргузории размоиши нерӯҳои зудамали СПАД дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Раиси Ситоди муштараки Неруҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз баргузории размоиши неруҳои зудамали ин созмон дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаҳи «Спутник», генерал Анатоли Сидоров гуфт, ки размоиши муштараки неруҳои вокуниши сиреи ин созмон дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор мегардад.
Вай ҳадаф аз баргузории ин размоишро беҳбуди маҳоратҳои амалии дастгоҳҳои фармондеҳӣ ва контроли неруҳои СПАД ва ҳамчунин афзоиши инсиҷоми воҳидҳо дар анҷоми вазоиф дар як амалиёти муштарак алайҳи гуруҳҳои террористӣ унвон кард. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар наздикии марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон размоиши бузурги СПАД ва манёври сеҷонибаи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баргузор шуда буд.
Бештар бихонед: