Идомаи харидории билет аз сӯи аҳолии Суғд аз ширкатҳои Узбекистон
(last modified Sat, 11 Sep 2021 04:16:43 GMT )
Сентябр 11, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Идомаи харидории билет аз сӯи аҳолии Суғд аз ширкатҳои Узбекистон

Бо вуҷӯди коҳиши қиммати билети ҳавопаймо ҳануз ҳам мусофирони Суғд аз Тошканд ба Русия мераванд.

Бо вуҷӯди афзоиши теъдоди парвозҳо аз Хуҷанд ба Русия ва коҳиши қиммати билети ҳавопаймо, сокинони вилояти Суғд, ки барои кор ба Русия мераванд, аз хадамоти фурудгоҳи Тошканд истифода мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бо афзоиши парвозҳои муназзам миёни маркази вилояти Суғд ва шаҳрҳои Русия, ки мӯҷиби коҳиши 50 дарсадии қиммати билети ҳавопаймо шудааст, ҳанӯз ҳам теъдоди зиёде аз сокинони вилояти Суғд бо убур аз гузаргоҳҳоиӯ марзии ноҳияҳои Мастчоҳ ва Конибодом, худро ба Тошканд мерасонанд то аз пойтахти Узбекистон барои кор ба Русия раванд.

Акнун қиммати билет барои ҳар мусофир дар масир Хуҷанд ба шаҳрҳои Русия 4 ҳазору 800 сомонӣ аст, ки як моҳ қабл беш аз 11 ҳазор сомонӣ буд. Аммо ин шохис дар сӯрати парвоз аз Тошканд ба Маскав барои ҳар мусофири тоҷик 3 ҳазору 800 сомонӣ тамом мешавад. Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Сибри Русия мегӯянд, ки қиммати хадамот дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон ва нархи бензин дар муқоиса бо Узбекистон боло мебошад, ки рӯй қиммати билет таъсир мегузорад ва мусофирони тоҷик тарҷеҳ медиҳанд, ки барои сафар ба Русия аз фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя истифода кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳар ҳафта 45 парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд ба шаҳрҳои мухталифи Русия барномарезӣ шудааст.