Феврал 19, 2022 12:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 100 дарсадии нархи билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон ба Қазоқистон

Тайи як моҳи ахир нархи билети ҳавопаймо миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 100 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, нархи билет барои ҳар мусофир аз сӯи ширкати ҳавопаймоии қазоқистонии «Эйр Астана» қаблан зери 4 ҳазор сомонӣ буд, акнӯн ба 8 ҳазорсомонӣ расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати “Сомон Эйр” қимати билет барои ҳар мусофир аз Душанбе ба Алмаатои Қазоқистонро 5 ҳазору 291 сомонӣ таъйин кардааст. Кормандони дафтари намояндагии ширкати ҳавопаймои қазоқистонии «Эйр Астана» иллати афзоиши қимати билет дар масири Душанбе ба Алмааторо зиёд будани тақозо медонанд. Зеро теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ихроҷ шудаанд акнӯн барои кор ба Қазоқистон  мераванд ва ин мавзӯъ мӯҷиби афзоиши қимати билет шудааст.

Аммо мақомоти Созмони ҳавопаймои кишварии Тоҷикистон гуфтаанд, ки мавзӯи афзоиши қимати билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ба Алмааторо баррасӣ хоҳанд кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп