Сентябр 12, 2021 11:41 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 10 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард 10 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта дар ин кишвар шиносоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо ҳисоби ин 10 бемор теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 64 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 927 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Бар асоси ин гузориш таи шабонарӯзи ахир 24 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд .
Теъдоди фавтшудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар  аст.

 

Барчасп