Сентябр 12, 2021 12:37 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии нерӯгоҳи Қайроқум дар вилояти Суғд дар соли 2023 ба поён мерасад

Мудири нерӯгоҳи барқи Қайроқум эълом кард,ки бозсозии ин нерӯгоҳ дар соли 2023 ба поён мерасад ва ҳазинаи он 197 миллион доллар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Файзуллоҳ Авазов гуфтааст, ки бо бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 126 мегаватти феълӣ ба 174 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.

197 миллион доллар барои таъвизи шаш  турбини нерӯгоҳи барқи оби сади Қайроқум, ки 63 сол қабл барои таъмини барқи сокинони остони Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи заминҳои кишоварзии Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон бар рӯи рухонаи "Сайр" сохта шудааст ҳазина мешавад.

Ин манобеи молиро Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъмин мекунад.

 

Барчасп