Сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз шуд
(last modified Sun, 12 Sep 2021 08:41:28 GMT )
Сентябр 12, 2021 13:41 Asia/Dushanbe
  • Сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз шуд

Сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон, ки аз Шарқ иқтибос оварда шудааст،Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид,  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, бунёди бинои иловагии таълимиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Тибқи лоиҳа, бино 4095,40 м2 масоҳат дошта, аз 4 ошёна ва 1 таҳхона иборат мебошад, ки барои сохтмони он тибқи харҷнома, сенздаҳ миллион сомонӣ сарф мегардад.

Дар бино 5 адад утоқи корӣ, 17 адад синфхонаи таълимӣ барои 510 нафар донишҷӯён ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин дар таҳхона ошхона, 1 адад утоқи кории бойгонӣ, 1 адад синфхонаи компутерӣ ва китобхонаи электронӣ барои 100 нафар донишҷӯ ва 1 адад утоқи корӣ ба истифода дода мешавад.

Айни замон  дар коллеҷ 275 нафар, аз онҳо 1 нафар номзади илми тиб, 3 нафар докторант, зиёда аз 10 нафар аспиранту унвонҷӯ, 52 нафар сармуаллим,  29 нафар ассистент, 107 нафар коромӯз ва 73 нафар магистрант фаъолият бурда истодаанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз соли 2018 низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю. Исҳоқӣ ба роҳ монда шудааст.

Теъдоди умумии донишҷӯён 4098 нафарро ташкил дода, аз рӯи ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ, кори дандонсозӣ, кори фарматсевтӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори тиббӣ- профилактикӣ таҳсил мекунанд.