Сентябр 15, 2021 12:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории фестивали тобистонаи Душанбе-2021 дар Наврӯзгоҳи Душанбе

Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021» баргузор мешавад.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Азия Плюс омадааст,«Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)»  бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад.

Дар фестивал баҳри фароғату истироҳати иштирокчиён шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташкили шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ хотири меҳмонон болида гардонида мешавад
 

Барчасп