Сентябр 17, 2021 20:21 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти вазири сайёҳии Эрон бо раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои сайёҳиро тақвият медиҳанд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросон, вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Эрон Эзатуллоҳ Зарғомӣ дар Душанбе бо Тоҷуддин Ҷорезода, раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот, ки дар доираи сафари расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар Душанбе сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Роҳҳои рушди сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва саломатӣ аз мавзӯъҳои дигаре буданд, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

Барчасп