Сентябр 18, 2021 09:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори расмии раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон дар Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи сафари худ ба Душанбе мавриди истиқболи расмии ҳамтои тоҷикистонии худ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари расмӣ дар Душанбе басар мебарад, дақоиқе пеш мавриди истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар қарор гирифт.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт ва пас аз он, аъзои ду ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон ба раисони ҷумҳурии ду кишвар муаррифӣ шуданд.

Мақомоти аршади ду кишвар билофосила пас аз маросими истиқболи расмӣ, вориди маҳали баргузории мулоқоти хусӯсӣ шуданд, ки пас аз анҷоми он, музокироти ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Дар поёни музокирот имзои чанд санади ҳамкорӣ дар назар гирифта шудааст.

Сипас раисиҷумҳури Эрони озими шаҳри Кӯлоб дар 200 километрии пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд ва аз оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, шоиру орифи машҳури эронӣ боздид хоҳад кард ва пас аз он Тоҷикистонро ба мақсади Эрон тарк хоҳад гуфт.

Қобили зикр аст, ки раисиҷумҳури Эрони илова бар ширкату суханронӣ дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин нишасти муштараки ин созмон бо Паймони Амнияти Ҷамъӣ, баъд аз зуҳри дирӯз бо ҳузур дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии ин донишгоҳ боздид ва дар ҷамъи устодону донишҷӯёни тоҷик суханронӣ кард.

Дар ин маросим дар миёни ташвиқҳои вижаи ҳуззор, унвони доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Эрон эҳдо ва вай узви ифтихории ҳайати илмии ин донишгоҳ интихоб шуд.

 

Барчасп