Сентябр 18, 2021 11:22 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистону Покистон барои баргузории музокироти Толибон ва тоҷикҳо дар Душанбе

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Покистон эълом карданд, ки барои баргузории музокироти гурӯҳи Толибон ва мухолифони онон аз вилояти Панҷшер дар шаҳри Душанбе ба тавофуқ расидаанд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон дар нишасти муштараки хабарӣ гуфтанд, ки барои поён додан ба ихтилоф миёни гурӯҳи Толибон ва мухолифони онон аз вилояти Панҷшер тасмим гирифта шуд, ки гуфтугӯҳои онон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу амният дар Афғонистон, ташкили давлати фарогир бо мушорикати тамомии ақвом ва гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар ва расондани кумакҳои фаврии башардӯстона таъкид кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, «Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад»

Нахуствазири Покистон низ эълом кард, ки кишвараш барои поён додан ба ихтилофот миёни Толибон ва мухолифони онон, аз ҷумла тоҷикҳои вилояти Панҷшер талош хоҳад кард.

 

Барчасп