Шиносоӣ нашудани мавриди нави гирифторон ба Ковид 19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар шабонарӯзи гузашта мавриди нави гирифторон ба бемории Ковид 19 дар ин кишвар шиносоӣ нашуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шумори гирифторон ба корона дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 84 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 948 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Теъдоди фавтшудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин аз вуруди 4 миллиону 800 ҳазор дозаи корона ба ин кишвар аз тариқи барномаи КОВАКС хабар додааст .
Бар ин асос то 18 сентябри соли ҷорӣ 2 миллиону 31 ҳазору 537 нафар дар Тоҷикстон воксани корона дарёфт кардаанд, ки наздик ба 39 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро ташкил мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар бояд тамоми афроди балои 18 сол воксани корона дарёфт кунанд .
Бештар бихонед :
-
Шиносоӣ нашудани мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон
-
Риоят нашудани муқаррароти беҳдоштӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон