Маҳдудияти ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя
(last modified Mon, 20 Sep 2021 09:57:31 GMT )
Сентябр 20, 2021 14:57 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя

Ҳаводиси ахир дар Афғонистон муҷиб шудааст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя барои ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон маҳдудият эҷод шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати роҳу нақлиёти  Тоҷикистон, акнун ронандагони тоҷик ки қаблан вориди қаламрави Афғонистон мешуданд, танҳо то гузаргоҳи марзии Панҷи поён коло мунтақил мекунанд ва идомаи масир бо ронандагони афғонӣ мебошад .
Ҳамчунин вуруди мошинҳои боркаши Тоҷикистон ба дохили қаламрави Қирғизистон мамнӯъ аст .
Ронандагони тоҷик маҳсулоти худро метавонанд то гузаргоҳи Қулма дар вилояти Бадахшон барои Чин мунтақил кунанд, ки дар идома ин мошинҳо тахлия ва аз сӯи ронандагони чинӣ боргирӣ мешавад .
Бо вуҷуди судури муҷаввизи ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон пас аз 3 сол ، ронандагони туркманӣ бояд ба ҳамроҳи ронандагони тоҷик колои воридотӣ ба Тоҷикистонро то марзи Узбакистон ҳамроҳӣ намоянд.
Бо ин ҳол мақомоти вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо вуҷуди ин маҳдудиятҳо мизони ҳамли коло бо кишварҳои хориҷӣ таии як соли ахир ба 111 дарсад расидааст .



Бештар бихонед :