Президент дар ноҳияи Темурмалик Боғи Парчам ва майдони Нишони давлатиро боз кард
(last modified Thu, 23 Sep 2021 17:20:01 GMT )
Сентябр 23, 2021 22:20 Asia/Dushanbe
  • Президент дар ноҳияи Темурмалик Боғи Парчам ва майдони Нишони давлатиро боз кард

Ҳамчунин Боғи фарҳангию фароғатӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Азия Плюс омадааст,Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 сентябр ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварда, нахуст Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи мазкур дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ навсозӣ гардида, дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан шинонида шуданд ва ҳамчунин ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зиннат мебахшад.

Дар идома сарвари давлат дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода дод.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, баландии он бо дарназардошти сутунпоя 50 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метрро ташкил медиҳад.

Сипас бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад.