Сентябр 24, 2021 21:21 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобит - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия

Сафири Туркия дар Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дар шаҳри Душанбе дидор кард.

Эмре Зекӣ Карагёл, сафири тозатаъйини Туркия дар Тоҷикистон бо Фарҳоди Салим, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар ин дидор тарафайн натоиҷи бистуякумин нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар 16 - 17 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шудро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили марбут ба густариши бештару тақвияти равобити Тоҷикистону Туркия дар заминаҳои мухталиф баҳсу баррасӣ шуд.

 

Бештар бихонед: