Ноябр 07, 2016 11:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими қудрати Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи ислоҳияҳои Қонуни асосии Тоҷикистон

Азия-Плюс навишт: Натиҷаи ислоҳияҳои воридшуда ба Қонуни асосии Тоҷикистон таи беш аз ду даҳаи ахир, мустаҳкамтар шудани пояҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Хабаргузории Азия-Плюс дар мақолае ба муносибати шашуми ноябр, рӯзи тасвиби нахустин Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 1994, ба баррасии тағйирот ва ислоҳоти воридшуда ба ин қонун пардохт.

Бар асоси ин гузориш, Қонуни асосии Тоҷикистон, ки рӯзи шашуми ноябри соли 1994 ва дар миёнаи ҷанги дохилии ин кишвар таи ҳамапурсӣ ба тасвиб расид, дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо тағйироте мувоҷеҳ шуд, ки таҳкими пояҳои раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон ва биломонеъ шудани интихоби чандин бораи ӯ ба ин симмат муҳимтарин натиҷаи он буд.

Ин гузориш меафзояд: Дар моҳи сентябри соли 1999 бар асоси ислоҳияи воридшуда ба Қонуни асосии Тоҷикистон, давраи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар аз панҷ сол ба ҳафт сол афзоиш ёфт.

Дар моҳи июни соли 2003 ислоҳияи дигаре ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид шуд, ки ҳузури Эмомалӣ Раҳмонро дар қудрат бидуни маҳдудият кард.

Саранҷом дар 22-и майи имсол бо баргузории як ҳамапурсӣ, Қонуни асосии Тоҷикистон бори дигар мавриди тағйир ва ислоҳ қарор гирифт, ки ба муҷиби он, Эмомалӣ Раҳмон унвони "Пешвои миллат"-ро дарёфт кард ва синни номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар аз 35 сол ба 30 сол коҳиш ёфт.

Охирин ислоҳияи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти аҳзоби исломиро дар ин кишвар мамнуъ кард, ки ба ин тартиб ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баунвони танҳо ҳизби исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ поён дода шуд.

Хабаргузории Азия-Плюс бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳазинаи ислоҳот дар Қонуни асосии ин кишварро таи 22 соли ахир 40 миллион сомонӣ баровард кардааст.