Поксозии марзи Тоҷикистону Узбекистон аз мина
(last modified Sat, 25 Sep 2021 07:26:45 GMT )
Сентябр 25, 2021 12:26 Asia/Dushanbe
  • Поксозии марзи Тоҷикистону Узбекистон аз мина

Раиси ҷумҳурии Узбекистон аз поёни амалиёти барчидани мина дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шавкат Мирзиёев ин матлабро дар дидор бо мардум дар чаҳорчуби омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон эълом кард .
Вай таъкид кард, ки барои барчидани минаҳои кошташуда дар марз бо Тоҷикистон гуруҳҳои муҳандисии ду кишвар беш аз яку ним сол талош ба харҷ доданд ва набояд миёни ду мардуми дӯсту бародар чунин монеъаҳо вуҷуд дошта бошад .
Лозим ба зикр аст, ки таи солҳои 2000 то 2002 давлати вақти Узбекистон ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди мухолифони мусаллаҳи ҳукумати ин кишвар аз Тоҷикистон иқдом ба кошти мина дар марзи муштарак бо кишвари ҳамсоя кард .
Аммо дар моҳи марти соли 2018 мақомоти ду кишвар барои барчидани мина аз марзи 1033 километрии муштарак ба тавофуқ расиданд, ки инак ин барнома иҷроӣ шуд .