Нигаронӣ аз коҳиши масоҳати ҷангалҳо дар Тоҷикистон
Коршиносон ва мутахассисони муҳити зист дар бораи паёмадҳои ношӣ аз идомаи раванди тахриби ҷангалҳо дар Тоҷикистон ҳушдор доданд.
Ба иттилои сайти Toptj, Андрей Фабиан, ҳамоҳангкунандаи барномаи Ожонси рушди Олмон дар Тоҷикистон, ки чанд сол аст, дар ҳавзаи эҳёи ҷангалҳои Ин кишвар фаъолият мекунад, дар мизигирде дар шаҳри Душанбе гуфт: Дар ду даҳаи ахир масоҳати ҷангалҳои Тоҷикистон аз 20 дарсад ба се дарсад расидааст, ки ин мавзуъ паёмадҳои мухарриби зистмуҳитӣ дар пай хоҳад дошт.
Вай афзуд: Бар асоси муҳосиботи ин ниҳод, таи 10 соли оянда танҳо заминаи эҳёи ним дарсад аз ҷангалҳои нобудшудаи ин ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи Фабиан, далели умдаи аз байн рафтани ҷангалҳои Тоҷикистон набуди гази табиӣ, буҳрони камбуди шадиди барқ дар фасли сармо ва гаронии қиммати газолин аст, ки мардумро ба таҳияи ҳезум аз ҷангалҳо водор мекунад.
Коршиносон дар ин мизигирд ҳамчунин таъкид карданд, яке аз паёмадҳои аз байн рафтани ҷангалҳо дар солҳои ахир дар Тоҷикистон, афзоиши ҳаводиси табиӣ назири рониши замин ва ҷорӣ шудани сел дар манотиқи кӯҳистонӣ аст, ки ба таъсисоти зербиноии ин кишвар хисороти фаровон ворид кардааст.
Аз сӯи дигар завб шудани пиряхҳои табиӣ дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон низ метавонад барои ин кишвар ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар баландмуддат фоҷеаи зистмуҳитӣ ба бор оварад.