Интиқоди Абдулғанӣ Бародар аз давлати Тоҷикистон
(last modified Mon, 27 Sep 2021 12:26:17 GMT )
Сентябр 27, 2021 17:26 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Абдулғанӣ Бародар аз давлати Тоҷикистон

Муовини нахуствазири Толибон Тоҷикистонро ба дахолат дар умӯри дохилии Афғонистон муттаҳам кард ва нисбат ба пайомадҳои эҳтимолии ин иқдом ҳушдор дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдулғанӣ Бародар-муовини нахуствазири Толибон рӯзи гузашта  дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии Алҷазира  ба Тоҷикистон нисбат ба пайомадҳои эҳтимолии дахолат дар умӯри Афғонистон ҳушдор додааст .
Бародар гуфтааст : « Тоҷикистон дар умӯри мо дахолат мекунад  барои ҳар иқдоме аксулъамале вуҷуд дорад . »
Ин дарҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон чанд рӯз пеш дар ҷараёни суханронии худ дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе пешниҳоди эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро матраҳ карда буд .
Раҳмон гуфта буд ки камарбанди амниятӣ аз густариши эҳтимолии гуруҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ мекунад .Вай афзуда буд : « Тавваҷуҳи вижае ба вазъияти дохилу атроф Афғонистон шуд . Феҳристе аз иқдомот барои посух ба чолишҳои амниятии кишварҳои Осиёи миёна ношӣ аз хатари ташдиди эҳтимолии таҳдиди террористӣ тасвиб шуд . »
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтоду шашумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид низ гуфта буд, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мунҷар ба буҳрони амиқи сиёсӣ, башардӯстона ва ҳукуматӣ шудаву амнияту суботи минтақаро низ ба хатар меандозад .
Раҳмон дар ин нишаст ҳамчунин гуфта буд, ки ба қудрат расидани Толибон ки аз сӯии Шӯрои Амнияти Созмони Миллал дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор дорад, раванди печидаи геополитикии минтақаро печидатар кардааст .
Ӯ таъкид карда буд ки дар умӯри дохилии Афғонистон дахолат намекунад, аммо бовар дорад ки барои расидагии муносиб ба мушкилоти сиёсӣу амниятии Афғонистон  як давлати ҷомеъ аз тариқи интихоботу иродаи мардум бо мушорикати ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ, миллӣ, қавмӣ ва ақаллиятҳо ташкил шавад .
Ба дунболи ин изҳороти раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-муовини вазорати иттилооту фарҳанги Толибон ва сухангӯи ин гуруҳ дар тветте ҳамчунин аз эъзом ва ҷобаҷоии садҳо неруи вижа ба вилояти Тахор хабар дод .
Ӯ навиштааст ки ин неруҳо ба манзури аз байн бурдани таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ ва мавонеъи дигар эъзом шудаанд .



Бештар бихонед :